Санаи 13 апрели соли равон дар шахри Осакаи Чопон намоишгохи Чахонии ЭКСПО-2025 ба кор шуруъ мекунад, ки дар он 161 кишвари чахон, аз чумла Чумхурии Точикистон ва 9 созмони байналмилали ширкат хоханд намуд.
Намоишгох тахти шиори “Тархрезии чомеаи оянда барои хаети мо” баргузор мешавад. Точикистон мавзуъхои “Начоти хаёт” ва “Алокаи хаёт” – ро интихоб намудааст, ки ин ташаббусхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонро дар сохаи хифзи пиряххо ва захирахои об инъикос менамояд.
Бояд кайд намуд, ки барои таъмини иштироки арзандаи Чумхурии Точикистон дар намоишгохи назди Вазорати рушди иктисод ва савдо тахти рохбарии вазир кумитаи ташкили оид ба омодаги ва иштироки Чумхурии Точикистон дар ЭКСПО-2025 дар Осакаи Чопон таъсис дода шудааст.
Намоишгохи Чахонии ЭКСПО-2025 дар Осакаи Чопон аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 баргузор мешавад ва беш аз 28 миллион нафар аз он дидан мекунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода