Душанбе, 26 июл, АИ «Караван Инфо». Санаи 24 июл дар Душанбе чаласаи аввалин гурухи кории байнисохави оид ба тахияи Барномаи Миллии рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2026-2030 (БМР-2026-2030) баргузор гардид.

Чорабини бо иштироки рохбарони вазорату идорахои калидии мамлакат баргузор гардида, кадами мухим дар банакшагирии стратегии ояндаи Чумхурии Точикистон гардид.
Тавре дар Вазорати рушди иктисод ва савдо хабар доданд, ташаббус дар ичрои супорише, ки дар Паёми солонаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Оли эълон шудааст, амали карда мешавад.
Хадафи асоси татбики афзалиятхои стратегии миллии кишвар дар дарозмуддат мебошад.
Вазири рушди иктисод ва савдо Завки Завкизода кайд намуд, ки лоихаи барнома бо назардошти пешниходхо ва изхороти вазорату идорахо, ки дар такмили он накши калиди доранд, тахия шудааст. Мухокима дар шакли кушод гузаронида мешавад, ки иштироки хамаи чонибхои манфиатдорро таъмин мекунад.
Дар доираи муаррифи ба иштирокчиён хадафхо ва афзалиятхои асосии рушди кишвар, аз чумла:
- ракамикунонии иктисодиёт ва идоракунии давлати,
- рушди саноат ва татбики зехни сунъи,
- хавасмандгардонии иктисодиёти инноватсиони, илм ва фаъолияти ихтироъкори,
- сармоягузори ба сармояи инсони,
- тахкими муковимат ба мушкилоти беруна ва тагйирёбии иклим.
Лоихаи барномаи нав мархилаи сеюми татбики Стратегияи рушди миллии Чумхурии Точикистон то соли 2030 мебошад, ки каблан хамчун хуччати асоси оид ба рушди устувори ичтимоию иктисодии мамлакат тасдик шуда буд. БМР-2026-2030 идомаи мантикии даврахои барномавии кабли (то солхои 2020 ва 2025) хохад буд ва имкон медихад, ки мушкилоти нав ва тамоюлхои глобали ба рушди милли ворид карда шаванд.
Аксхо: Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон