Туркия ташаббуси “Номаи Муштарак” – ро бо талаби эмбаргои силох алайхи Исроил огоз намуд – ИА Караван Инфо
Туркия ташаббуси "Номаи Муштарак" - ро бо талаби эмбаргои силох алайхи Исроил огоз намуд

Анкара бо ташаббуси нави “Номаи Муштарак” даъват ба чори намудани эмбаргои силох алайхи Исроил намуд. Намояндаи доимии Туркия дар СММ Ахмад Йилдиз дар чаласаи кушоди Шурои Амнияти СММ, ки ба бухрони Газза ва каламравхои ишголшудаи фаластин бахшида шуда буд, эълон намуд, ки ташаббусро огоз мекунад.

Йилдиз изхор дошт, ки дар Газза “хамаи марзхо убур намуда шуданд” ва Исроилро дар “чиноятхои беназири чанги” айбдор намуд, ки ба назари у, ба низоъи пурраи низоми табдил меёбад. Вай кайд намуд, ки нерухои Исроил хамлахоро ба иншооти очонсии СММ дар Шарки Наздик барои кумак ба гурезахои фаластини (БАПОР) идома медиханд, ки ба бад шудани бухрони башардустона дар минтака мусоидат мекунад. Сафири туркия конунгузории ахири Кнессетро махкум намуд, ки фаъолияти БАПОР-ро махдуд мекунад ва макоми гурезахои фаластиниро зери хатар мегузорад.

“Мо аз хамаи кишвархо даъват мекунем, ки мавкеи принсипиро ишгол кунанд ва ин ташаббуси дастачамъонаро дастгири кунанд, дар тарафи рости таърих истоданд”, — таъкид намуд Йилдиз ва аз чомеаи байналмилали даъват намуд, ки интиколи силох ва тачхизотро ба Исроил катъ кунад. Ба гуфтаи у, чори намудани эмбарго барои катъи “ишголи гайриконуни” ва химояи хукуки ахолии осоишта дар Газза, каламравхои ишголшудаи Фаластин ва Лубнон зарур аст.

Аксхо: aa.com.tr

error: