Тоҷикистон ва Итолиё дар нимаи моҳи апрел анҷумани сармоягузорӣ хоҳанд гузаронид
Дар аввали моҳи апрел, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Итолиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна вохӯрӣ гузаронид.
Ҷонибҳо бар дораи ҳамкории дуҷонибаи тиҷорӣ – иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, масъалаи ҷалби ширкатҳои Италиёву Тоҷикистон ва равнақи нақлиёт суҳбат карданд.
Бинобар ин, анҷумани сармоягузорони “Тоҷистон-Итолиё”, ки қарор аст дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2024 гузаронида шавад, фурсати хеле муносиб барои сармоягузории ширкатҳо дар қабули қарори оғози тиҷорати тарафҳост.