Хукумати Чумхурии Точикистон аз пешрафт дар самти татбики ташаббусхои чумхури дар доираи Созмони хамкорихои Шанхай (СХШ) изхори каноатманди карданд. Дар ин бора дар паёми Вазорати корхои хоричии Точикистон дар пайи ширкати раиси ин идора Сирочиддин Мухриддин дар чаласаи Шурои вазирони корхои хоричии СХШ дар Остона гуфта мешавад.
Вазири корхои хоричии Точикистон пешрафти назаррасро дар як катор масъалахои мухим кайд кард. Вай аз чумла ба муваффакияти таъсиси Маркази мубориза бо маводи мухаддири СХШ дар Душанбе таваччух кард. Ин ибтикор, ки хануз соли 2019 аз чониби раиси Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон пешниход шуда буд, фаъолона пеш рафта истода, айни хол натичахои чашмрас дода истодааст.

Инчунин С. Мухриддин тахияи накшаи чорабинихо оид ба татбики стратегияи рушди иктисодии СХШ то соли 2030, ки бо ташаббуси Точикистон кабул шудааст, кайд кард. Ин стратегия ба тахкими равобити иктисоди ва рушди хамкорихои минтакави миёни кишвархои узви ин созмон нигаронида шудааст.
Илова бар ин, вазир ахамияти эчоди механизми нави хамкории кишвархои СХШ оид ба сиёсати зиддиинхисориро, ки имкон медихад, назорат ва танзими ракобати бозори дар минтака муассиртар шавад, таъкид кард.
Дар ин дидор Сирочиддин Мухриддин хамчунин бо Исхок Дор, раиси вазорати хоричаи Покистон мулокоти дучониба анчом дод. Зимни музокирот чонибхо масъалахои татбики созишномахои дучониба ва тахкими хамкорихои байни давлатхоро барраси карданд.
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корхои хоричии Точикистон