Точикистон дар Конфронси байналмилали оид ба амнияти атоми (хастаи) ширкат кард
Хафтаи гузашта хайати Точикистон тахти рохбарии муовини вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти атоми (хастаи) (ICONS), ки аз чониби Агентии байналмилалии энергияи атоми (МАГАТЭ) дар Вена ташкил карда шуд, иштирок намуд.

Ф. Шарифзода ба иштирокчиён дар бораи вазъи амнияти хастаи дар кишвар ва тадбирхои аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тахти рохбарии Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон дар ин самт андешидашуда маълумот дод. Вай хамчунин дар бораи сатхи хамкорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон бо шарикони рушди хастаи сухан гуфт.

Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корхои хоричии Точикистон