Хайати Точикистон тахти рахбарии муовини вазири корхои хоричи Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти хастаи (ICONS-2024), ки аз чониби МАГАТЭ дар Австрия ташкил шудааст, ширкат кард. Дар чараёни конфронс дар бораи тадбирхои аз чониби Точикистон, чихати таъмини амнияти атоми андешидашуда, хамкорихои байналмилали дар ин самт маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин чорабини профессор Илхом Мирсаидзода аз Академияи миллии улуми Точикистон дар бораи талошхои ин кишвар барои тахкими амнияти хастаи, аз чумла насби тачхизоти замонави барои кашфи маводи хастаи дар гузаргоххои марзи ва фурудгоххо муфассал сухан гуфт. Вай инчунин таъсиси Маркази таълимии минтакави оид ба тайёр кардани мутахассисон дар сохаи бехатарии хастаиро кайд кард.

Муаррифии профессор ахамияти талошхои Точикистонро. барои рушди зерсохтори амнияти хастаи таъкид кард. Конфронс як чорабинии мухим барои тахкими амният дар истифодаи осоиштаи неруи хастаи ва таъмини амният дар иншооти саросари чахон бо иштироки намояндагони беш аз 178 кишвари узви МАГАТЭ мебошад.
Акс: Агентии бехатарии кимиёви, биологи, радиатсиони ва атомии Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон