Санаи 6 июн дар мачлиси намояндагон (Палатаи намояндагон) Мачлиси Олии (Парлумони) Чумхурии Точикистон чаласае бахшида ба хамкории Точикистону Чин ба манфиати ахоли ва шукуфоии давлатхо баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории миллии Иттилоотии Точикистон «Ховар» бо истинод ба мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хабар медихад.

Дар чорабини Муовини раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Мавсума Муини зикр намуд, ки миени рохбарони Точикистону Чин Мухтарам Эмомали Рахмон ва Си Чинпин муносибатхои мустахками кори ва дустона ба вучуд омада, барои рушди робитахои дучониба заминаи мустахкам гардида, дурнамои равшани хамкориро нишон доданд.
Таъкид гардид, ки вохурихо ва машваратхои сатхи баланд аз омодагии рохбарони харду кишвар барои идомаи тахкими шарикии стратеги дар доираи Созмони Милали муттахид ва Созмони Хамкории Шанхай шаходат медиханд. Барои Точикистон хамкори бо Чин яке аз самтхои асосии сиесати хоричи мебошад.
«Дар тули се дахсола муносибатхои Точикистону Чин, ки ба хамдигарфахми, эхтиром ва эътимод асос ефтаанд, босуръат рушд карда, кодиранд ба густариши хамкорихои кишвархои мо таъсири мусбат расонанд», гуфт Мавсума Муини.
Аксхо: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон