Дар чараени чаласаи Шурои директорони шарикии глобали дар сохаи маориф дар Берлин мулокоти Вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон Рахим Саидзода ва Вазири рушд ва хамкории иктисодии Чумхурии Федеративии Олмон, Узви парлумони Олмон Свеня Шултсе баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Точикистон хабар медихад.

Дар вохури масъалахои марбут ба системаи дуалии тахсилоти Олмон ва инчунин фаъолияти муассисахои дахлдор барраси шуданд. Натичахои хамкории минбаъдаи минтакави дар сохаи тахсилоти касби, иктисодиети сабз, тахияи стандартхои касби, бехтар кардани сифати таълим ва самти илми мухокима карда шуданд.
Вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон ахамияти хамкориро бо «чамъияти Олмон оид ба хамкории байналмилали» (GIZ) дар Точикистон дар сохаи маориф ва илм таъкид намуд. Илова бар ин, у изхори омодаги кард, ки хамкорихои байни тарафхоро минбаъд амиктар кунад.
Свеня Шултсе мулокотро кадами созанда дар рушди хамкори номид ва як катор пешниходхоеро баррсаи кард, ки ба густариши хамкори дар сохаи маориф ва илм байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Федеративии Олмон равона карда шудаанд.
Аксхо: Маркази Матбуотии Вазорати маориф Ва илми Чумхурии Точикистон