Точикистон ва Озарбойчон беш аз 15 санади нави хамкори ба маблаги умумии 700 миллион доллари Амрикоро имзо карданд — ИА Караван Инфо
Точикистон ва Озарбойчон беш аз 15 санади нави хамкори ба маблаги умумии 700 миллион доллари Амрикоро имзо карданд

Имзои аснод, натичаи Анчумани сохибкорони ду кишвар буд, ки рузи 20 май дар Боку баргузор шуд.

Дар ин хамоиш имконоти хамкори дар бахшхои мухталиф, аз кабили саноат, кишоварзи, барки ва фанноварихои иттилооти барраси шуд. Дар ин хамоиш беш аз 200 нафар намояндагони доирахои тичорати ва сармоягузорони харду кишвар ширкат доштанд.

Хуччатхои имзошуда на танхо ёддоштхои хусни тафохум, балки созишномахои хамкори дар сохаи тичорат, инчунин созишномахои консигнатсия байни ширкатхо, барои табодули тачриба дар сохахои нассочи, пахтакори ва амалиёти содироту воридотро дар бар мегиранд.

Хадаф аз баргузории хамоиш муаррифии иктидор ва имконоти сармоягузори дар иктисоди Точикистон ва хамчунин густариши хамкорихои тичоративу сармоягузории ду кишвар буд. Барои ноил шудан ба ин хадафхо платформаи муколама байни сохибкорон ва сармоягузорон ташкил карда шуд. Дар чараёни ин чорабини намояндагони Точикистон ширкатхои озарбойчониро, барои ширкат дар тарххои афзалиятноки сармоягузори дар Точикистон даъват карданд.

Яке аз тарххои калидие, ки дар ин хамоиш барраси шуд, ин таъмини як корхонаи бекорхобида дар чануби Точикистон бо нафт аз чониби як ширкати озарбойчони буд, ки омодагии харду кишварро барои татбики ташаббусхои мушаххас дар бахши барки тасдик мекунад.

Иштирокчиёни форум ба мувофика расиданд, ки чунин чорабинихоро мунтазам баргузор намуда, ба рушди минбаъдаи муносибатхои дучониба ва амиктар шудани хамкорихои иктисоди мусоидат намоянд.

Сурат: НИАТ «Ховар»

error: