Узбекистон ва Белорус лоихахои байниминтакавиро рушд медиханд – ИА Караван Инфо
Узбекистон ва Белорус лоихахои байниминтакавиро рушд медиханд

Нохияи Хатирчии вилояти Навоии Узбекистон ва нохияи Гомели вилояти Гомели Беларус лоихахои муштаракро дар сохаи чорводори ба накша гирифтанд.

«Дар натичаи сафар дар бораи имзои созишнома байни маъмурияти нохияи Хатирчи ва кумитаи ичроияи нохияи Гомел дар бораи таъсиси хамкории васеъмикёс, татбики лоихахои муштарак дар сохаи чорводори, ба рох мондани табодули тачриба дар сохаи коркарди махсулоти шири ва гушти, тайёр намудани кадрхо барои ин самтхо ба мувофика расиданд», – гуфта мешавад дар изхорот.

Масъалахои хамкори дар музокироти хайатхои харду кишвар, ки дар Беларус баргузор шуданд, барраси гардид. Дар доираи сафар намояндагони узбек ба як катор корхонахо ташриф оварданд ва дар бораи ба рох мондани хамкори бо ташкилотхое, ба монанди ЧСК «Гомелагрокомплект», ЧСК «Знамя Родини», ЧСК «Гомелская птитсефабрика», ЧСК «Птитсефабрика Рассвет», ЧСК «Гомелский мясокомбинат» ва ЧСК «Милкавита»гуфтушунидхо анчом доданд.

Аксхо: БЕЛТА

error: