Узбекистон: се баробар афзоиш ёфтани воридоти газ ва якбора кохиш ёфтани содирот — ИА Караван Инфо
Узбекистон: се баробар афзоиш ёфтани воридоти газ ва якбора кохиш ёфтани содирот

Тибки маълумоти Агентии омори назди президенти Чумхурии Узбекистон, воридоти газ ба Узбекистон дар чор мохи аввали Соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ефта, нишондихандахои хамин давраи соли гузаштаро кариб се баробар зиед кардааст. Айни хол, содироти газ аз кишвар беш аз ду баробар кохиш ёфтааст.

Аз мохи январ то апрели соли 2024 Узбекистон ба маблаги 462,8 миллион доллар газ ворид кардааст. Барои мукоиса, дар соли 2023 хачми умумии воридоти газ 694,9 миллион долларро ташкил дод, ки ин аз афзоиши назарраси фаъолият дар бозори гази кишвар дар аввали соли 2024 шаходат медихад.

Афзоиши бештари воридот дар мохи феврали соли 2024 ба кайд гирифта шуда буд, ки хачми интикол 131,1 миллион долларро ташкил дод. Дар мохи март воридот ба 193,5 миллион доллар ва дар мохи апрел ба — 102,6 миллион доллар расид.

Аз суи дигар, содироти газ аз Узбекистон дар чор мохи аввали соли 2024 хамаги 52,3 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба хамин давраи соли 2023 кариб 2,3 маротиба ё 117,9 миллион доллар камтар аст. Хачми бештари содирот дар мохи январи соли 2024 — 21 миллион доллар ба кайд гирифта шудааст, дар холе ки дар моххои феврал ва апрел хачми содирот мутаносибан хамаги 5,7 ва 6,9 миллион долларро ташкил додааст.

Тафовут дар маълумот дар бораи интиколи газ байни Узбекистон ва Чин сазовори таваччухи махсус аст. Тибки иттилои Сарраёсати гумруки Чин, дар мохи марти соли 2024 Чин аз Узбекистон газ ворид накардааст ва дар мохи апрел ба маблаги 11,4 миллион доллар «сузишвории кабуд» харидааст. Дар мачмуъ, дар чор мохи аввали соли 2024 воридоти гази Узбекистон аз чониби Чин 68,8 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба омори содироти Узбекистон 31,5% бештар аст.

Аз октябри соли 2023 Узбекистон воридоти газро аз Русия тавассути каламрави Казокистон огоз кард. Дар чахорчубаи ин тарх дар назар аст, ки барои тачдиди системаи магистралии газ бо хадафи афзоиши хачми воридоти газ аз шимол 500 миллион доллар сармоягузори шавад.

Сурат: «Uztransgaz»

error: