Вазири иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон бо сафири Эрон дидор кард — ИА Караван Инфо
Вазири иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон бо сафири Эрон дидор кард

Дар ҳафтаи гузашта, Вазири иқтисод  ва бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён дидор кард.

Завқизода ишора бар он кард, ки дар соли 2024 ҳамкории бозаргонӣ-иқтисодии байни давлатҳо дар тамоми давраи муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи баланди инкишоф қарор дорад.  Аз ҷумла дар соли 2023 муомилоти молии Тоҷикистону Эрон то 6,8% баланд карда шуд, ки нисбати соли 2022 254,5 миллион долари амрикойиро ташкил медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ пешниҳоди мушаххас барои амалӣ кардани навовариҳо дар корхонаҳои муштараки тавлиди маводи сохтмон, дорӯсозӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дида шуд.

error: