Вазири наклиёти Точикистон: «Наклиёти рохи охан дар иктисоди кишвар накши калиди дорад» — ИА Караван Инфо
Вазири наклиёти Точикистон: "Наклиёти рохи охан дар иктисоди кишвар накши калиди дорад"

Вазири наклиёти Точикистон Азим Иброхим ахамияти наклиёти рохи оханро хамчун як бахши стратеги барои иктисоди кишвар таъкид кард. Зимни суханрони дар ичлосияи «Рушди долонхои байналмилалии наклиётии мултимодали, ки аз кишвархои Осиё ва Ховари Миёна мегузарад» дар доираи Форуми XV байналмилалии иктисоди «Русия – Чахони Ислом: KazanForum» дар Казон, вазир кайд кард, ки наклиёти рохи охан калиди конеъ гардондани эхтиёчоти хочагии халк ва ахолии мамлакат ба кашондани бор ва мусофир мебошад.

Ба гуфтаи Азим Иброхим, беш аз 70 дарсади молхои воридоти ва содиротии Точикистон тавассути рохи охан интикол дода мешавад. Вай инчунин дар бораи татбики беш аз 10 лоихаи мухими рушди сохаи рохи охан бо хачми умумии сармоягузории такрибан $7,5 миллиард гузориш дод.

Вазир хамчунин ба 10 долони афзалиятноки тичори ва транзити, ки аз каламрави Точикистон мегузарад ва кишвархои Осиёи Чанубу Шаркиро бо Осиёи Маркази, Русия, Эрон, Туркия ва дигар кишвархои аврупои мепайвандад, ишора кард. Ба рушди долонхои мултимодалии иктисоди ва наклиёти, ки хамгироии иктисодии минтакавиро таъмин мекунанд, таваччухи хоса зохир карда мешавад.

А. Иброхим ахамияти хатсайри «Точикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон–Tуркия»-ро, ки кутохтарин масир аз марзи Чин тавассути Точикистон ва дигар кишвархоро таъмин мекунад, ба тичорати байниминтакави мусоидат мекунад ва укёнуси Хинд ва Халичи Форсро бо бахри Хазар тавассути Эрон мепайвандад, таъкид кард.

Сурат: Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон

error: