Остона, 21 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазири тандурустии Казокистон Акмарал Алназарова бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Узбекистон дар Казокистон Бахтиёр Иброхимов мулокот намуд. Чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои хамкории дучонибаро дар сохаи тандурусти барраси намуданд.

Раиси Вазорати Тандурустии ЧК кайд намуд, ки тахкими шарикии стратеги бо Узбекистон барои Казокистон афзалиятнок аст, зеро харду кишвар дар рушди кумаки тибби, тайёр намудани кадрхо ва чори намудани технологияхои инноватсиони вазифахои шабех доранд.
Иштирокчиёни мулокот ахамияти Созишномаи хамкори дар сохаи тандурустиро, ки санаи 8 августи соли 2024 ба имзо расида буд, таъкид намуда, лоихахои ояндадор, аз кабили баргузории Рузхои тибби Казокистон дар Узбекистон дар соли 2025 ва табодули кадрхоро барраси намуданд.
Дар натичаи гуфтушунидхо чонибхо омодагии худро барои густариши минбаъдаи хамкори ва тахкими шарики изхор намуданд.
Аксхо: Вазорати Тандурустии ЧК