Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев сафари дарпешистодаи рахбари Русия ба Узбекистонро барраси карданд — ИА Караван Инфо
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев сафари дарпешистодаи рахбари Русия ба Узбекистонро барраси карданд

Президенти Россия Владимир Путин бо Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтушуниди телефони баргузор намуд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти Кремл, дар чараёни сухбат ба омодаги ба сафари рахбари Русия ба Узбекистон гуфтушунид шудааст.

Сарони ду кишвар чанбахои калидии рушди минбаъдаи хамкорихои дучониба, бахусус дар сохаи тичорату иктисодро барраси карданд. В. Путин, хамчунин бо хамкасбаш таассуроти худро аз музокироти охир бо рохбарияти Чин дар Пекин баён кард.

Харду чониб хохиши идомаи тахкими равобити иттифоки ва стратегии Русия ва Узбекистонро таъкид карданд. Дафтари матбуоти раиси Чумхурии Узбекистон баён намуд, ки дар сухбат ба татбики лоихахои муштараки корхонахои пешкадам ва мусоидат ба табодули фархангиву гуманитари бо дастгирии робитахои байниминтакави таваччухи хоса зохир карда шуд.

Дафтари матбуот ёдовар шуд, ки Шавкат Мирзиёев чанде пеш рузхои 8-9 май аз Москва дидан карда, дар чаласаи Шурои олии иктисодии Авруосиё ширкат дошт. Мулокот ба дахумин солгарди имзои созишнома дар бораи Иттиходи иктисодии АвруОсиё (ЕАЭО) рост омад. Дар ин хамоиш рахбарони хамаи кишвархои узви ИА: президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Казокистон Косим-Чомарт Токаев ва президенти Киргизистон Садир Жапаров ширкат доштанд. Ба онхо рохбарони кишвархои нозири ИА, аз чумла Шавкат Мирзиёев ва президенти Куба Мигел Диас-Канел хамрох шуданд.

Ш. Мирзиёев рузи 9 май низ мехмони Паради Иди Галаба дар Майдони Сурх шуда, дар чорабинихои идона ширкат дошт. Дар чараёни сафараш ба Москва барои раиси Чумхурии Узбекистон як силсила мулокотхои дучониба пешбини шуда буд.

error: