Дар Душанбе таквими чорабинихо ба ифтихори чашни Байналмилалии Навруз-2025 тасдик шудааст. Карори дахлдорро Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали имзо намуд.

Дар доираи чашн дар Пойтахти Точикистон чорабинихои зиёде бахшида ба Навруз баргузор мешаванд. Дар байни онхо: Форуми IV Байналмилалии Навруз Душанбе мехвари робитахои фарханги – туристи, маросими пешвози чашн дар баландтарин нуктаи шахр, консерти чашни, фестивали байналмилалии сайёхи Навруз Душанбе-2025, фестивали таомхои милли, фестивали бозихои варзишии Навруз, инчунин барномахои фарханги дар нохияхои гуногуни пойтахт.
Ба Фестивали дустии чавонон, ки тахти шиори “Чавонон пайравони Пешвои миллат ва ворисони анъанахои Навруз” баргузор мешавад, диккати махсус дода мешавад. Гайр аз он, мусобикахои милли оид ба гуштингири, варзиши аспсавори ва бузкаши интизор меравад.
Ширкатхои сайёхи таквими муфассали чорабинихоро мегиранд ва барои чалби мехмонон ба Душанбе бастахои махсуси сайёхи пешниход мекунанд.
Ин таквими чорабинихо бо максади тавсеаи сохаи сайёхи, ташаккули бренди миллии сайёхи, пешбурди махсулоти сайёхи, инчунин истифодаи окилонаи захирахои табии ва фархангии Точикистон, бахусус дар пойтахт тахия шудааст. Хамаи чорабинихо ба баргузории чашни Байналмилалии Навруз дар сатхи баланд равона намуда шудаанд.
Кобили зикр аст, ки хамасола дар Точикистон, бахусус дар Душанбе бо ташаббуси Раиси шахр Рустами Эмомали Навруз дар сатхи оли тачлил мегардад. Ба барномаи чашн чорабинихои фарханги, илми-амали ва варзиши, ба монанди корвон-ярмарка, намоишхои театри, фестивалхои байналмилалии сайёхи ва мусобикахо оид ба муборизаи милли ва варзиши аспи дохил намуда мешаванд. Ин чорабинихо ба тахкими робитахои фархангии байни Душанбе ва шахрхои бузурги чахон мусоидат мекунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода