Ба 80-солагии Галабаи Бузург – ИА Караван Инфо

БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ МИРЗО БЕКМАТОВ УМРИ ДАРОЗИ ПУР АЗ ДУОИ ХАЛҚ

Мирзо Бекматов ходими давлатӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсияти шоиста дар шаҳру вилояти Кӯлоб, инсоне буданд, ки роҳбарияти олии давлат ва ҳукумат ӯро хуб мешинохтанду ҳурмату эҳтиром менамуданд.     Ин шахсияти номдор зодаи ноҳияи Шӯробод буда, баъди хатми мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, соли 1943 ба сафи армияи шӯравӣ пайваста, бар зидди фашизм меҷангад. Дар озод намудани Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Украина, Латвия, Литва, Полша ва Германия фаъолона иштирок намуда, дар барқарор кардани бисёре аз шаҳрҳои дар давраи ҷанг харобшуда ширкати фаъол дошт.     Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зодгоҳ баргашта, аввал ба ҳайси омӯзгор, сипас ба ҳайси корманди ҳизбӣ ба халқу Ватан хизмати шоиста менамояд. Ӯ солҳои сол ҳамчун ходими давлатӣ, аз ҷумла ба сифати роҳбари аввали шаҳру ноҳияи Кӯлоб хизматҳои шоён намуда, дар ободонии диёри нозанини хеш саҳми босазо гузоштааст. Бегуфтугӯ он кас ҳамчун кадри маҳаллӣ, ҷавони босаводу бо заковат дар барқарор намудани соҳаҳои хоҷагии халқ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб заҳматҳои зиёде кашида, барои халқу давлат корҳои муҳим ва зиёдеро ба сомон расонидааст. Саҳмашон ҳамчунин дар баланд бардоштани соҳаи маориф, тибу фарҳанг  беҳамтост. Дар ин замина як мисол меорам, ки саҳму масъулиятнокии роҳбарро бармало мекунад. Як замон Театри шаҳри Кӯлоб дар пойтахт дар озмуни театрҳои халқии Тоҷикистон бо спектакли «Раиси сездаҳум» иштирок кард. Дар вақти ҷамъбасти озмун баҳсу мунозираҳои зиёд пеш омад ва доварон байни ду театр - Театри халқии Панҷакент ва Театри шаҳри Кӯлоб, ҷойи якумро муайян карда натавонистанд....

error: