Кумаки муштараки Башардустонаи Точикистон ва кишвархои узви Созмони Исломии амнияти озукавори ба ахолии Газза – ИА Караван Инфо
Кумаки муштараки Башардустонаи Точикистон ва кишвархои узви Созмони Исломии амнияти озукавори ба ахолии Газза

Дар доираи ташаббуси башардустонаи як катор давлатхои аъзои Созмони исломии амнияти озукавори (IOPB), аз чумла Чумхурии Точикистон, Чумхурии Казокистон, Чумхурии Озарбойчон ва Чумхурии Халкии Бангладеш, инчунин бо мусоидати созмони хайриявии Шохигарии Хошимии Урдун (JHCO) ба Сектори Газза 200 тонна орди хушсифати гандум фиристода шуд. Ин кумак барои дастгирии сокинони махалли дар шароити норасоии шадиди гизо пешбини шудааст.

Интизор меравад, ки корвони башардустона дар давоми ду рузи оянда ба гузаргохи Сархадии Керем Шалом/Карам Абу-Салем бирасад. Дар хамоханги бо барномаи чахонии озукавории СММ (ВПП) ва дигар муассисахои Созмони Милали Муттахид, кумак бехатар расонида мешавад, ки такрибан 8 хазор оиларо бо норасоии гизо таъмин мекунад.

Бояд кайд намуд, ки дар аввали соли 2024 созмони Исломии амнияти озукавори барномаи “Орд барои инсоният” – ро барои мубориза бо тахдиди гуруснаги дар Газза огоз намуд, ки дар он даъвати фавкулодда ба чомеаи байналмилали нашр шуд.
 Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: