Казокистон ва ИА шарикиро барои рушди устувор таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва ИА шарикиро барои рушди устувор таквият медиханд

Муовини Вазири корхои хоричии Казокистон Роман Василенко барои рохбарони намояндагихои дипломатии кишвархои Иттиходи Аврупо дар Казокистон брифинг гузаронид.

Дар вохури самтхои асосии хамкори, аз чумла савдо, сармоягузори, энергетикаи “сабз”, наклиёт ва логистика барраси шуданд. Ба бехтар намудани робитаи наклиетии Осиёи Маркази бо Аврупо, инчунин ба масъалахои сабук намудани низоми раводид барои шахрвандони Казокистон диккати махсус дода шуд.

Роман Василенко муваффакиятхои соли гузаштаро таъкид намуд ва ба динамикаи минбаъдаи муносибатхо изхори бовари намуд:

“Мо омодаем кушиш кунем, ки соли 2025 барои тахкими робитахои мутакобилан судманд боз хам самарабахштар гардад.”

Дипломатхои аврупои тагйироти мусбатро дар фазои сармоягузории Казокистон кайд намуданд ва ба амик намудани шарики дар доираи лоихахои чори ва оянда изхори манфиатдори намуданд.

Казокистон ва ИА ба суи куллахои нави хамкорихои стратеги идома медиханд.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: