Санаи 21 январи соли 2025 дар Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон форум дар мавзуи “Паёми Президент – дастури боэътимод барои рушди дарозмуддати кишвар”баргузор гардид.

Чорабини ба шархи мазмуни Асосии Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба мачлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 пешниход шудааст, бахшида шудааст.
Форумро вазири рушди иктисод кушод ва дар суханронии худ таъкид намуд, Ки Президенти Чумхурии Точикистон дар Паём дастовардхои чумхуриро дар панч соли охир тахлил намуда, самтхои стратегии рушди сохахои асосии иктисодиёти миллиро барои давраи оянда муайян намуд.
Президент Эмомали Рахмон вазорату идорахо ва макомоти хокимияти ичроияро вазифадор намуд, ки ичрои барномахо ва накшахои тасдикшударо дар соли 2025 таъмин намуда, ба рушди иктисоди на камтар аз 8 фоиз ноил гарданд.
Вазир кайд намуд, ки дар доираи кори вазорат, аз чумла дар накши хамраиси комиссияхои байнихукумати ва рохбари як катор ташкилотхои байналмилалии молияви 630 миллион доллар маблагхои гранти ва имтиёзноки карзи чалб намуда шуданд. Соли 2025 корхо оид ба чалби захирахои иловагии молияви идома хоханд ефт.
Гайр аз он, Пешвои миллат ба Вазорати рушди иктисод ва савдо супориш доданд, ки лоихаи “Барномаи миёнамухлати рушд барои солхои 2026-2030” – ро то охири соли 2025 тахия ва пешниход намояд.
Вазир таъкид намуд, ки ин санад мархилаи нихоии татбики стратегияи миллии рушд то соли 2030 хохад буд ва барои таъмини рушди устувори иктисодиёт дар давраи миёнамухлат хамчун асос хизмат хохад намуд.
Дар форум инчунин рохбарони вохидхои сохтории вазорат суханрони намуданд, ки дурнамои рушди бахши вокеи, тичорат ва сохахои ичтимоиро дар заминаи татбики мукаррароти асосии Паём мухокима намуданд.
Аксхо: Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон