“Навсозии хифзи ичтимои ва хамгироии иктисоди.” Сохаи тандурустии Точикистон раками хохад шуд – ИА Караван Инфо
"Навсозии хифзи ичтимои ва хамгироии иктисоди." Сохаи тандурустии Точикистон раками хохад шуд

Дар Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон лоихаи “Модернизатсияи хифзи ичтимои ва хамгироии иктисоди” амали намуда мешавад, ки дар доираи он ракамикунони ба сохаи ичтимои чори намуда мешавад.

Тибки Иттилои вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, дар доираи лоиха навсозии модулхои иттилоотии системаи хифзи ичтимои тахия намуда мешавад.

Гайр аз он, дар доираи ин лоиха модули кумаки сурогахои ичтимои — бакайдгирии электронии дархостхои оилахои камбизоат барои гирифтани кумаки ичтимои, арзёбии автоматикунонидашудаи эхтиёчот, автоматикунонии хисобкунии хачм ва пардохтхои молияви, модули хисоботдихи – чамъовари, коркард ва ташаккули автоматии хисоботи хамаи системахо, инчунин ракамикунонии дигар самтхои хифзи ичтимои татбик намуда мешаванд.

Дар доираи татбики лоихаи “Модернизатсияи хифзи ичтимои ва хамгироии иктисоди” тамоми шароит барои ракамикунонии сохаи ичтимои фарохам оварда шудааст, ки он мархила ба мархила амали намуда мешавад.

АКСХО: Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии Ахолии Чумхурии Точикистон

error: