Шурои давлатии Тотористон лоихаи конунеро тахия намуд, ки тибки он ба кудакони омузгорон хангоми дохил шудан ба мактабхо ва богчахои кудакона афзалият дода мешавад. Ташаббус ба дастгирии омузгорон ва чалби кадрхои нав ба муассисахои таълими равона шудааст.

Чунин чорахо аллакай дар як катор минтакахои Русия, аз чумла Карачаево-Черкесия ва вилояти Самара амал мекунанд. Дар он чо хукуки бакайдгирии аввалиндарача на танхо ба фарзандони омузгорон, балки ба фарзандони кормандони тиббии муассисахои давлати низ вогузор намуда шудааст.
Пештар, дар соли 2023, Думаи Давлати конунеро кабул намуд, ки фарзандони хизматчиёни харбиро, ки аз амалиёти махсуси харби (АМХ) дар Украина барнагаштаанд, гайринавбати ба ташкилотхои таълими дохил мекунад. Пеш аз ин, хукуки аввалиндарача танхо ба оилахои низоми дахл дошт, аммо на ба ихтиёриёни худ.
Аксхо: аз манбаъхои кушода