Суд амволи рэпер Алишер Моргенштернро (дар Русия агенти хоричи эътироф шудааст) дар доираи парвандаи чинояти дар бораи саркаши аз ичрои вазифахои агенти хоричи хабс намуд. Дар ин бора дар хадамоти матбуоти кумитаи Тафтишот хабар дода шуд.

Мусикинавис дар кисми 2 моддаи 330.1 Кодекси Чиноятии Русия (Аз ичрои вазифахои агенти хоричи Саркаши намудан) дар гайб айбдор намуда мешавад, ки барои он то ду соли махрум сохтан аз озоди пешбини шудааст. Тафтишот изхор медорад, ки то 21 марти соли 2024 хунарпеша маводхоро бе нишон додани макоми агенти хоричи пахн менамуд.
Пештар прокуратура Моргенштернро аз муомилоти амволи гайриманкул, аз чумла китъаи замин ва хона дар Назди Москва, инчунин бинои гайриманкул ва се бино манъ намуда буд. Тибки маълумоти ВАО, арзиши умумии онхо 200 миллион рубл арзёби мешавад.
Рэпер Русияро дар охири соли 2021 тарк намуд. Адвокати у Сергей Жорин изхор дошт, ки Моргенштерн гунохи худро эътироф намекунад ва махрум сохтан аз озоди гайриимкон аст, зеро у каблан суд нашуда буд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода