Дар Русия коидахои гирифтани ИБИ дар асоси издивоч сахттар намуда шуданд – ИА Караван Инфо
Дар Русия коидахои гирифтани ИБИ дар асоси издивоч сахттар намуда шуданд

Аз 25 январ дар Русия коидахои нави гирифтани ичозатнома барои истикомати муваккати (ИИМ) ва ичозатномаи барои истикомат (ИБИ) барои хоричиён ба ичро даромад. Онхо ба пешгирии издивочхои калбаки ва падари, ки барои ба даст овардани макоми мухочират истифода мешаванд, равона намуда шудаанд.

Аз ин ба баъд шахрвандони хоричи метавонанд ИИМ-ро берун аз квотаи издивоч бо шахрванди Русия танхо бо риояи яке аз шартхои зерин ба даст оранд:

  • издивоч на камтар аз се сол пеш ба кайд гирифта шудааст;
  • кудаки умуми дорад.

Пештар мухлати издивоч барои гирифтани соддашудаи ИИМ танзим намуда нашуда буд. Холо, дар сурати бекор намудани издивоч, беэътибор донистани он, махрум сохтан аз хукуки волидайн ё бекор намудани сабти таваллуди кудак, ИИМ метавонад беэътибор дониста шавад.

Барои гирифтани ичозатнома барои истикомат бо тартиби содданамудашуда, агар кудаке, ки дар издивоч бо шахрванди Русия таваллуд ё ба фарзанди гирифта шудааст, талаботи нав низ чори намуда мешавад. Агар издивоч расман ба кайд гирифта нашуда бошад, тасдики судии якчоя зиндаги намудан ва иштирок дар тарбияи кудак дар тули на камтар аз се сол талаб намуда мешавад.

Дар сурати бекор намудани акди никох ё беэътибор донистани он, макоми мухочират метавонад бекор намуда шавад, хатто агар карор то 25 январи соли 2025 кабул шуда бошад.

Илова бар ин, коидахои нав мухлати раводиди хусусиро барои шахрвандони хоричи, ки хешовандони наздики шахрвандони Федератсияи Русия мебошанд, то як сол дароз мекунанд. Ин ба дастгирии хукуки пайвастшави бо оила нигаронида шудааст.

Кайд намуда мешавад, ки тагйирот ба шахрвандони Беларус, Казокистон, Молдова, Украина, инчунин иштирокчиёни барномаи давлатии кучонидани хамватанон дахл надорад.

Каблан хабар дода шуда буд, ки аз 5 феврал дар Русия фехристи кушодаи электрони барои санчиши конунияти будубоши шахрвандони хоричи аз чониби корфармоён ба кор шуруъ мекунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: