Дар нохияи Деваштич, дар махаллаи Даханасой, корхои биотехники, ки ба дастгирии хайвоноти вахши дар давраи зимистон равона шудаанд, ба анчом расиданд. Чорабинихо бо иштироки кормандони идораи нохия ва шуъбаи хифзи мухити зист гузаронида шуданд.

Дар доираи корхо барои гизодихии хайвонот картошка, гандум, себ, чормагз, моркови, кабуди, намак, алаф ва халтахои хуроквори истифода мешуданд. Ин тадбирхо ба дастгирии популятсияи хайвоноти вахши дар шароити зимистони сард равона намуда шудаанд.
Дар ин минтака гург, бузи кухи, чайра, харгуш, кабк ва дигар намудхои паррандагон зиндаги мекунанд, ки барои онхо гизо дар фасли зимистон барои зинда мондан мухим аст.
Пештар чунин корхои биотехники дар нохияи Шахристон, дар Махаллаи “Дараи Сабз” гузаронида мешуданд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки дар сурати идома ёфтани хунуки корхои биотехники дар дигар минтакахои баландкухи вилоят низ идома хоханд ёфт.
Аксхо: Идораи Хифзи мухити зисти вилояти Сугд