Бюрои САХА барои назорати интихоботи парлумони дар Точикистон миссия кушод – ИА Караван Инфо
Бюрои САХА барои назорати интихоботи парлумони дар Точикистон миссия кушод

Бюрои институтхои демократи ва хукуки башари САХА (БДИПЧ) пас аз даъвати расмии макомоти милли миссияи назорати интихоботи парлумониро, ки 2 марти соли 2025 дар Точикистон баргузор мешавад, кушод.

Рохбари миссия чаноби Дитмир Бушати таъин намуда шуд. Миссия аз 11 коршиноси байналмилали, ки дар шахри Душанбе чойгиранд, инчунин 22 нозири дарозмуддат иборат аст, ки аз 29 январ дар кишвар ба кор шуруъ мекунанд. Илова бар ин, БДИПЧ аз 150 нозири кутохмуддат дархост намуд, ки чанд руз пеш аз интихобот ба Точикистон меоянд.

Миссия чараёни интихоботро тибки ухдадорихои САХА, стандартхои байналмилалии интихоботи демократи ва конунгузории милли арзёби мекунад. Нозирон тамоми чанбахои раванди интихоботро – пеш аз, дар давоми ва баъд аз рузи овоздихи назорат хоханд намуд.

Ба татбики заминаи хукуки, гузаронидани маъракаи интихоботи, аз чумла дар шабакахои ичтимои, кори макомоти интихоботи дар хама сатххо, халли бахсхои интихоботи ва инъикоси интихобот дар ВАО диккати махсус дода мешавад. Нозирон инчунин, ичрои тавсияхои каблии БДИПЧ -ро арзёби мекунанд.

Кисми мухими кори миссия мулокот бо намояндагони макомоти давлати, хизбхои сиёси, чомеаи шахрванди, ВАО ва чомеаи байналмилали хохад буд.

Хисоботи мобайни такрибан ду хафта пеш аз интихобот барои огох намудани чомеа ва ВАО дар бораи пешрафти миссия нашр намуда мешавад. Рузи баъди интихобот нишасти матбуоти баргузор мешавад, ки дар он хулосахои пешаки ва хулосахои миссия эълон намуда мешаванд. Хисоботи нихои бо арзёбии тамоми раванди интихобот ва тавсияхо пас аз чанд мохи интихобот нашр намуда мешавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: