“Конвенсия дар бораи хукуки маъюбон хануз соли 2018 аз чониби Президенти Точикистон имзо шуда буд. Холо накшаи амал ба итмом расидааст, дар мархилаи тасдик карор дорад” гуфт сардори бахши хифзи давлатии хукукхои иктисоди, ичтимои ва фарханги Омбудсмен Сайдали Бобохонзода дар нишасти матбуоти.

Тибки Конвенсия, шахсони имконияташон махдуд хукук доранд, ки тарзи хаёти мустакилона дошта бошанд ва дар хама сохахои хаёт хамачониба иштирок кунанд. Тадбирхои хуччат барои дастрас намудани мухити вокеи, наклиёт, иттилоот ва воситахои алока, аз чумла технологияхо ва системахои алока, инчунин дигар иншоотхо ва хидматхо равона намуда шудаанд.
Бобохонзода хамчунин гуфт, ки соли гузашта мурочиати шахсони имконияташон махдуд ба Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар Точикистон бештар ба масъалахои шугл, таъминоти ичтимои, гузаронидани муоинаи тибби, гирифтани замин ва манзил дахл дошт.
Бояд кайд намуд, ки 22 марти соли 2018 дар доираи ифтитохи чорабини бахшида ба огози дахсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028” Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон Конвенсияи Созмони Милали Муттахид оид ба хукукхои маъюбонро имзо намуд. Маросими имзо дар кароргохи СММ дар Ню-Йорк, ИМА баргузор шуд.
Аз ин лахза Чумхурии Точикистон расман ба Конвенсияи СММ оид ба хукуки маъюбон хамрох шуд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода