Ахолии Казокистон аз 20 миллион нафар зиёд шуд – ИА Караван Инфо
Ахолии Казокистон аз 20 миллион нафар зиёд шуд

Тибки маълумоти Бюрои омори милли, шумораи ахолии Казокистон ба санаи 1 январи соли 2025,  20 286 084 нафарро ташкил дод. Афзоиши ахоли дар соли 2024, 252 242 нафарро ташкил дод.

Зиёда аз як миллион нафар дар се шахр ва чор вилояти чумхури зиндаги мекунанд. Минтакахои аз хама ахолинишин Вилояти Туркистон (2 154 334 нафар) ва вилояти Алмаато (1 560 377 нафар) мебошанд. Дар байни шахрхо аз руи шумораи ахоли Алмаато (2 292 333 нафар), Остона (1 528 887 нафар) ва Шимкент (1 256 263 нафар) пешсафанд.

Дар шахрхои Казокистон 12 774 743 нафар зиндаги мекунанд, ки кисми зиёди ахолии кишварро ташкил медихад. Дар дехот 7 511 341 нафар зиндаги мекунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: