Дар Казокистон лоихаи “инфрасохтори миллии маълумоти фазои” амали намуда шуд, ки ба таъмини худтаъминкунии чумхури дар сохаи геодезия ва картография равона шудааст. Лоиха аз чониби палатаи аудитории Оли пас аз гузаронидани аудити давлатии самаранокии идоракунии захирахои замин, геодезия ва харитасози тавсия дода шуд.

Аудит муайян намуд, ки дар Казокистон системаи геодезии координатахои худи мавчуд нест, ки ташкили экосистемаи ягонаи харитасозии ракамиро душвор мекунад. Системаи координатхои истифодашуда, ки хануз дар миенаи асри гузашта сохта шуда буд, то имруз кухна шудааст.
Дар робита ба ин, палатаи аудитории Оли ба Хукумат тавсия дод, ки барои мукаррар намудани системаи координатхои геодезии худ ва таъсиси шабакаи геодезии мохвораи чорахо андешад. Дар натича, Вазорати рушди раками, инноватсия ва саноати аэрокосмос лоихаи бузурги сармоягузории “инфрасохтори миллии маълумоти фазои” – ро бомуваффакият ба анчом расонид.
Дар доираи лоиха системаи иттилоотии “геопортали давлатии инфрасохтори миллии маълумоти фазои” ба истифодаи саноати ворид намуда шуд. Ин восита дастраси ба маълумоти муосир ва дакики фазоиро, ки барои идоракунии самараноки каламрав зарур аст, таъмин мекунад. Аз 1 январи соли 2025 системаи муосири координатхои Давлатии QazTRF-23 ва шабакаи истгоххои доимии истиноди (CORS) ба кор дароварда шуданд.
Аксхо: ВАП ЧК