Дар Алмаато мулокоти Вазири савдо ва хамгирои Арман Шаккалиев бо муовини Вазири саноат, конхо ва савдо, рохбари Созмони рушди савдои Эрон Мухаммад Али Дехган Дехнави баргузор шуд. Дар чараёни гуфтушунидхо масъалахои афзоиши гардиши мол байни ду кишвар барраси шуданд.

Вазир Арман Шаккалиев изхор дошт, ки Казокистон омода аст ба Эрон беш аз 60 мавкеи моли, аз чумла галладона, равгани офтобпараст, махсулоти гушти ва дигар молхоро ба маблаги 162 миллион доллар барои интикол ба бозори эрон пешниход кунад. Вай таъкид намуд, ки Казокистон созишномахоеро, ки сарони ду давлат ба даст овардаанд, фаъолона амали мекунад ва Эронро хамчун яке аз шарикони калиди дар Шарки Наздик мехисобад.
Кадами мухим дар тахкими муносибатхои тичорати миссияи ояндаи тичоративу иктисоди ва форуми тичоратии Техрон дар мохи феврали соли 2025 хохад буд. Максади миссия мустахкам намудани робитахои дучониба, баркарор намудани робитахои мустаким байни истехсолкунандагони казокистон ва харидорони эрони, инчунин васеъ намудани иктидори содиротии Казокистон.
Сурат: МТИ ЧК