Канада ва Мексика пас аз он ки Маъмурияти Доналд Трамп афзоиши шадиди бочхоро барои молхои ин кишвархо эълон намуд, тарофахои чавоби эълон намуданд. Махдудиятхои нав ба се шарики бузурги тичоратии ИМА таъсир мерасонанд, ки беш аз 40% воридоти кишварро ташкил медиханд.

Сарвазири Канада Частин Трюдо шахрвандонро даъват намуд, ки “молхои канадаро интихоб кунанд ” ва дар асл ба бойкоти махсулоти амрикои ишора намуд. Макомоти якчанд вилоятхои Канада аллакай эълон намудаанд, ки брендхои спирти амрикоиро аз рафхои магозахои давлати гирифтаанд.
Бо 25 фоизи тарофахо воридоти 30 миллиард доллари Канада (20 миллиард евро) аз ИМА ру ба ру мешавад. Ба зуди интизор меравад, ки руйхати иловагии молхо, аз чумла мошинхо, махсулоти кишоварзи, алюминий ва пулод нашр намуда шавад, ки дар мачмуъ 155 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медихад.
Президенти Мексика Клаудия Шейнбаум низ эълон намуд, ки бочхои чавоби чори намуда мешаванд, аммо молхо ва меъёрхои мушаххас хануз номбар нашудаанд. Тибки иттилои манбаъхо, Трюдо ва Шейнбаум рузи шанбе вазъи гуфтугуи телефониро барраси намуданд ва дар бораи амалхои муштарак алайхи тарофахои манъкунандаи ИМА мувофика намуданд.
Дар посух ба чорахои андешидашуда, Трамп ба хабарнигорон гуфт, ки аз гуфтушунидхои дарпешистода бо Канада ва Мексика “хеч чизи чидди интизор нест”.
“Мо тарофахоро чори намудем, зеро онхо аз мо пули зиёд карздоранд ва ман бовари дорам, ки онхо пардохт хоханд намуд” гуфт у хангоми тарк намудани манзили худ дар Флорида.
Трамп инчунин Канада ва Мексикаро дар чорахои нокифоя дар мубориза бо мухочирати гайриконуни ва кочоки маводи мухаддир айбдор намуд. Дар яке аз гузоришхо дар шабакаи ичтимоии Truth, у хатто пешниход намуд, ки Канада метавонад “51-ум иёлоти ИМА” шавад, ки ба канадагихо имкон медихад, ки “камтар андоз супоранд ва химояи бехтари низоми ба даст оранд”.
Тичорати Амрико аз болоравии эхтимолии нарххо ва таназзули иктисоди хушдор медихад. Лабораторияи бучаи Йел тахмин мезанад, ки нарххои нав метавонанд ба хисоби миёна ба хонаводаи амрикои дар як сол аз 1000 то 1200 доллар арзиш дошта бошанд.
Дар айни хол, Чин хануз махдудиятхои чавоби чори нанамудааст, аммо изхор дошт, ки омода аст “чорахои зарурии мукобил” – ро кабул кунад ва ба СЧТ шикоят кунад.
Коршиносон хушдор медиханд, ки авч гирифтани чанги тичорати метавонад хам барои ИМА ва хам барои шарикони бузургтарини онхо окибатхои чидди ба бор орад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода