Нетаняху аввалин рохбари хоричи хохад буд, ки пас аз савгандёдкунии у бо Трамп мулокот хохад намуд – ИА Караван Инфо
Нетаняху аввалин рохбари хоричи хохад буд, ки пас аз савгандёдкунии у бо Трамп мулокот хохад намуд

Сарвазири Исроил Бинемин Нетаняху ба ИМА сафар намуд, ки дар он чо рузи сешанбе бо президент Доналд Трамп мулокот хохад намуд. Ин аввалин мулокоти рохбари Амрико бо сарвари давлати хоричи пас аз интихоби дубораи у хохад буд.

Сарвазири исроил изхор дошт, ки дар сухбат бо Трамп ният дорад, ки пирузии ХАМОС, муковимат ба Эрон ва тахкими робитахои дипломати бо кишвархои арабиро барраси кунад.

“Ман бовари дорам, ки бо кор дар тамоси наздик бо президент Трамп, мо метавонем муносибатхои худро мустахкамтар ва бехтар созем. Ман бовари дорам, ки мо метавонем амниятро таквият дихем, сулхро таргиб кунем ва бо кувват ба давраи ачиби сулх бирасем” гуфт Нетаняху пеш аз парвоз ба Вашингтон.

Сарфи назар аз ордери хабс, ки мохи ноябри соли гузашта аз чониби суди байналмилалии чинояти (СБЧ) содир шуда буд, Нетаняху тасмим гирифт, ки ба ИМА сафар кунад. Додгохи Гаага уро, инчунин Вазири собики мудофиаи Исроил Йоав Галлант ва рахбари ХАМОС Мухаммад Дейфро дар содир намудани чиноятхои чанги айбдор намуд.

Исроил ва ИМА аъзои СБЧ нестанд ва вазифадор нестанд, ки карорхои онро ичро кунанд. Аммо 27 кишвари Иттиходи Аврупо, ки оинномаи Румро имзо намудаанд, бояд шахсони чустучушавандаро дар каламрави худ боздошт кунанд.

Дар рузи аввали давраи нави президентии худ Доналд Трамп як катор фармонхо, аз чумла лоихаи конунеро имзо намуд, ки имконияти чори намудани тахримхоро алайхи СБЧ пешбини мекунад. Аммо ин санад дар Сенат аз чониби демократхо манъ намуда шуд.

Рузи панчшанбе рохбарияти Суди Байналмилалии чинояти изхор дошт, ки “аз хама гуна кушиши вайрон намудани истиклолият, тамомият ва бегаразонии суд пушаймон аст”.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: