Хукумати Русия равган ва тухмро ба руйхати махсулоти аз чихати ичтимои мухим илова намуд, ки хангоми фуруши онхо истехсолкунандагон аз пардохти бонусхо ба шабакахои савдо озод намуда мешаванд.

“Ин ба истехсолкунандагон имкон медихад, ки харочоти интиколи махсулотро ба шабакахои савдо кам кунанд ва маблагхои озодшударо барои навсози ва тавсеаи истехсолот равона кунанд”, — гуфта мешавад дар изхорот.
Тибки хисобхои макомот, чунин чорахо метавонанд ба паст шудани нархи фуруши яклухт ва афзоиши хачми истехсолот оварда расонанд.
Тибки конуни савдо, таъминкунандагон одатан ба фурушандагон барои хариди молхои худ мукофот медиханд. Аммо, як катор махсулоти аз чихати ичтимои мухим истисно доранд. Ин руйхат аллакай шири пастеризатсияшудаи нушоки, нон ва махсулоти нони ва гушти мургро дар бар мегирад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода