Кумитаи тафтишотии Русия нисбати муовини губернатори Вилояти Ростов вазири молия Лилия Федотова парвандаи чинояти огоз намуд. Вайро барои аз хад зиёд намудани ваколатхои мансаби хангоми татбики сиёсати молияви ва карзии минтака айбдор мекунанд.

Тибки маълумоти тафтишот, дар соли 2020, Федотова бо мавчудияти маблагхои озоди бучети карзи тичоратиро ба маблаги 12 миллиард рубл бо меъёри зиёда аз 6% солона чалб намуд. Дар айни замон, сиёсати карзии минтака имконияти чалби карзро бо шартхои муфидтар пешбини менамуд.
Дар натича, тибки арзёбии тафтишот, зарари бучети вилоят 1,9 миллиард рублро ташкил дод, ки барои хидмат ва пардохти фоизхо аз руи карзхои бонки дар давраи солхои 2020-2023 сарф шудааст.
КК барои муайян намудани тамоми холатхои парванда амалхои тафтишоти мегузаронад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода