Вакилони Мачлис Созишномаи байни хукуматхои Казокистон ва Узбекистонро дар бораи танзими фаъолияти маркази Байналмилалии кооператсияи саноатии “Осиёи Маркази” тасдик намуданд.

Марказ дар наздикии нуктахои назоратии Атамекен (Казокистон) ва Гулистон (Узбекистон) чойгир намуда мешавад ва майдончахои истехсоли, анборхо, инчунин инфрасохтори наклиётро дар бар мегирад. Ин имкон медихад, ки интиколи бор, кам намудани харочоти логистики, кам намудани шумораи иштирокчиён дар занчири таъминот, кам намудани арзиши нихоии махсулот барои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани суръати таъминот ва рушди кооператсияи истехсоли дар доираи коридори Шимол – Чануб.
“Тибки созишнома, майдони умумии Марказ 100 гектарро ташкил медихад, ки аз он 50 гектар кисми Казокистон ва 50 гектар кисми Узбекистон мебошад. Ба каламрави муайян макоми минтакаи саноатии минтакави дода мешавад. Инфрасохтори Марказ аз хисоби маблагхои гайрибучети сохта мешавад” гуфт Вазири савдо ва хамгирои Арман Шаккалиев.
Интизор меравад, ки корхои техники ва сохтмони дар семохаи чоруми соли 2026 ба анчом расанд ва ифтитохи расми дар нимаи аввали соли 2027 баргузор шавад.
Сурат: МТИ ЧК