Рохбарони Аврупо накшаи Трампро барои кучонидани фаластинихо аз Газза махкум намуданд – ИА Караван Инфо
Рохбарони Аврупо накшаи Трампро барои кучонидани фаластинихо аз Газза махкум намуданд

Пешниходи Доналд Трамп барои тахти назорати Амрико гирифтани Газза ва аз он чо кучонидани 1,8 миллион фаластинихо мавчи интикоди рохбарони Аврупоро ба бор овард. Сиёсатмадорон, хатто аз кишвархое, ки Президенти собики ИМА чонибдорон дорад, гуфтанд, ки ин икдом принсипи “ду давлат барои ду халк” – ро зери хатар мегузорад ва хукуки байналмилалиро поймол мекунад.

Вазири корхои хоричии Олмон Анналена Бербок изхор дошт,:

“Аз Газза хорич намудани ахолии гайринизомии фаластин на танхо гайри кобили кабул ва хилофи хукуки байналмилали хохад буд. Он инчунин ба ранчу азобхои нав оварда мерасонад ва нафрати бештарро ба вучуд меорад.”

Рохбари ВКХ-и Фаронса Жан-Ноэл Барро таъкид намуд,:

“Ояндаи Газза бояд на дар доираи назорати давлати сеюм, балки дар доираи давлати ояндаи Фаластин тахти сарпарастии мухторияти Фаластин хал намуда шавад”.

Испания ва Ирландия, ки каблан давлатдории Фаластинро эътироф намуда буданд, низ ин накшаро рад намуданд.

Вазири корхои хоричии Испания Хосе Мануэл Албарес изхор дошт,:

“Газза замини Фаластиниеён аст Газза, ва онхо бояд дар Газза бимонанд.”

Хамтои ирландии у Саймон Харрис кайд намуд,:

“Хар як акидаи кучонидани сокинони Газза ба чои дигар ба катъномахои Шурои Амнияти СММ мухолиф хохад буд”.

Сарвазири Бритониё Киер Стармер даъват намуд, ки ба нигох доштани сулхи нозуки байни Исроил ва ХАМАС диккат диханд ва Вазири корхои хоричии Италия Антонио Таяни бо назардошти вокуниши манфии Урдун ва Миср ба татбики акида шубха намуд.

Дар айни замон, сиёсатмадори ултрахукуки голландия Герт Вилдерс ягона сиёсатмадори аврупои буд, ки пешниходи Трампро дастгири намуд ва гуфт, ки фаластинихо метавонанд ба Урдун куч баранд. Аммо намояндаи расмии хукумати Нидерландия таъкид намуд, Ки мавкеи кишвар бетагйир боки мемонад: Газза ба фаластинихо тааллук дорад.

Комиссияи Аврупо то хол дар бораи ташаббуси Трамп изхори назар нанамудааст.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: