Казокистон ва Нигерия дурнамои хамкорихои тичоративу иктисодиро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Нигерия дурнамои хамкорихои тичоративу иктисодиро барраси намуданд

Муовини Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Алибек Куантиров бо хайати тичоратии нигерия бо рохбарии намояндаи Шохигарии Ифе ва котиби ичроияи шурои тичоратии Казокистон Нигерия Адени Адесоджи мулокот намуд.

Чонибхо имкониятхои густариши муносибатхои тичоратию иктисоди ва сармоягузори, инчунин дурнамои хамкори дар сохаи саноати кухи, АПК, наклиёт, логистика, ИT ва энергетикаро мухокима намуданд. Ба зарурати тахкими муколамаи сиёси байни Казокистон ва Нигерия диккати махсус дода шуд. Дар ин замина мулокоти Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев ва Президенти Нигерия Бола Ахмад Тинубу, ки мохи январи соли 2025 дар майдонхои саммити байналмилалии “Хафтаи рушди устувор” дар Абу-Даби баргузор шуд, кайд намуда шуд.

А. Куантиров иктидори баланди густариши хамкори байни кишвархоро кайд намуда, таъкид намуд, ки Нигерия метавонад катализатори густариши муносибатхои Казокистон бо кишвархои китъаи Африко гардад. “Казокистон ва Нигерия барои хамкории мутакобилан судманд дар сохахои асосии иктисодиет имкониятхои назаррас доранд. Мо омодаем робитахои тичоратиро васеъ кунем, лоихахои инфрасохтори ва сармоягузориро якчоя рушд дихем ва муколамаи сиёсиро амиктар кунем. Бовари дорам, ки кори мо дар ин самт ба тахкими шарики ва фарохам овардани имкониятхои нави тичорат ва рушди харду кишвар оварда мерасонад”, – гуфт Муовини Вазир.

Чонибхо сафари ояндаи хайати казокистонро ба Нигерия, ки мохи феврали соли 2025 ба накша гирифта шуда буд, барраси намуданд. Дар назар аст, ки дар чараёни сафар вохурихо бо намояндагони Хукумат ва доирахои тичоратии Нигерия баргузор намуда шаванд ва инчунин лоихахои мушаххаси хамкори дар бахшхои афзалиятнок мухокима намуда шаванд.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: