Дар Остона Мулокоти Муовини Сарвазир-Вазири корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу бо Сафири Олмон Моника Иверсен баргузор шуд. Чонибхо дурнамои хамкорихои дучонибаро бо таваччух ба лоихахои муштарак дар сохахои тичорат, наклиёт, энергетика ва ашёи хоми мухим барраси намуданд.

Таваччухи махсус ба хамкории логистики дода шуд, ки дар он истифодаи технологияхои олмони самаранокии лоихахои инфрасохториро ба таври назаррас баланд мебардорад. Сафири Олмон таъкид намуд, ки Берлин ба шарики бо Казокистон ахамияти калон медихад ва омода аст дар татбики ташаббусхои муштарак фаъолона иштирок кунад.
Дар чараёни сухбат динамикаи мусбати хамкории сиёси ва иктисоди, инчунин робитахои фарханги, ки ба хамкории таърихии ду кишвар асос ефтаанд, кайд намуда шуд. Муколамаи казокистону олмон дар хама сатххо идома ефта, робитахои мутакобилан судмандро таквият медихад.
Натичахои мулокот таваччухи тарафхоро ба амик намудани шарики тасдик намуданд. Ахамияти созишномахое, ки дар доираи сафархои Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев ба Берлин ва канслери Олмон Олаф Шолтс ба Остона ба даст оварда шуданд, таъкид намуда шуд.
Аксхо: ВКХ ЧК