Вазорати тандурустии Русия лоихаи конунеро тахия намуд, ки барои хатмкунандагони донишгоххои тибби ва коллечхои аз хисоби бучети давлати тахсилнамуда корнамуди хатмиро пешбини мекунад. Тибки лоихаи ислохот ба конуни Федерали “Дар бораи тахсилот дар Федератсияи Русия”, чунин мутахассисон вазифадоранд, ки хадди аккал се сол пас аз хатми муассисаи таълими дар ташкилотхои системаи ОМС кор кунанд.

Барои хатмкунандагоне, ки тибки шартномаи таълими максаднок тахсил намудаанд, инчунин шартхои нав чори намуда шуданд. Онхо метавонанд тахсилро дар резидентура танхо дар доираи шартнома бо хамон фармоишгар идома диханд. Дар сурати рад намудани кор, хатмкунандагон ба андозаи ду маротиба аз харочоти давлати ё фармоишгар барои тахсил чарима намуда мешаванд.
Вазорати тандурусти таъкид намуд, ки дар модели нави таксимот системаи шабехи системаи шурави амал намекунад, вакте ки хатмкунандагон ба муассисахои мушаххаси тибби ва минтакахо барои кор фиристода шуданд. Акнун хатмкунандагон метавонанд минтака ва чои корро интихоб кунанд, ба шарте ки дар чои интихобшуда чойхои холи мавчуд бошанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода