Коршиносони кишвархои ИДМ лоихаи Низомнома дар бораи Форуми ихтиёриёни Иттиходро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Коршиносони кишвархои ИДМ лоихаи Низомнома дар бораи Форуми ихтиёриёни Иттиходро барраси намуданд

Чаласаи гурухи коршиносон оид ба такмил ва мувофика намудани лоихаи низомнома дар бораи Форуми ихтиёриёни Иттиходи Давлатхои Мустакил дар кароргохи ИДМ баргузор гардид.

Дар чаласа намояндагони Озарбойчон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Русия, Точикистон, Узбекистон ва кумитаи Ичроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар чараёни мухокима коршиносон асосан хуччатеро такмил доданд, ки карор шуд ба давлатхои иштирокчии ИДМ барои пешниходхо фиристода шавад. Пас аз коркард, коршиносон ба мувофика расиданд, ки чаласаи иловаги баргузор намуда шавад, ки пас аз он лоиха бо тартиби мукарраршуда барои баррасии Шурои сарони хукуматхои Иттиходи Давлатхои Мустакил пешниход намуда мешавад.

Тахмин меравад, ки Форум як чорабинии солона хохад буд, ки ба табодули тачриба, рушди харакати ихтиёри (волонтёри) ва тахкими хамкории байналмилали дар сохаи ихтиёри (волонтёри) дар фазои Иттиход равона намуда шудааст. Форум одатан аз чониби хар як давлати иштирокчии ИДМ бо тартиби алифбои русии номхо навбати гузаронида мешавад.

АКСХО: хадамоти матбуоти кумитаи ИЧРОИЯИ ИДМ

error: