Санаи 8 феврали соли 2025 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон фармонеро имзо намуд, ки ба баланд бардоштани сатхи хифзи ичтимоии ахоли ва бехтар намудани некуахволии шахрвандон равона шудааст. Тибки фармон аз 1 сентябри соли 2025, тагйирот дар бораи зиёд намудани хадди акали музди мехнат, маоши мансаби барои кормандони бахши давлати, инчунин баланд бардоштани нафака ва стипендия пешбини шудааст.

Аз 1 сентябри соли 2025 хадди акали музди мехнат барои хамаи сохахои иктисодиву ичтимоии чумхури дар сатхи 1000 сомони дар як мох мукаррар намуда мешавад. Ин икдом ба баланд бардоштани даромади шахрвандон ва бехтар намудани хифзи ичтимоии онхо равона шудааст.
Музди кор барои кормандони бахшхои гуногуни хизмати давлати низ зиёд намуда мешавад. Аз чумла, маоши кормандони муассисахои томактаби ва тахсилоти миёнаи умуми 30 фоиз зиёд намуда мешавад. Барои кормандони дигар сохахо, аз кабили тандурусти, фарханг, варзиш, макомоти хифзи хукук, хифзи ичтимои, инчунин барои хизматчиёни харби, кормандони макомоти хокимият ва идоракунии давлати маош 20% зиёд мешавад.
Ба сохаи тандурусти диккати махсус дода мешавад. Маоши асоси барои хисоб намудани маоши кории кормандони сохаи тандурусти 20% зиёд намуда мешавад.
Илова бар ин, дар фармон афзоиши хамаи намудхои стипендия, аз чумла стипендияхои президенти 20% пешбини шудааст. Ин карор ба донишчуёне, ки дар муассисахои тахсилоти оли тахсил мекунанд, ба истиснои курсантхои муассисахои тахсилоти олии харби ва Академияи ВКД Чумхурии Точикистон таъсир мерасонад.
Инчунин маоши мансаби ва меъерхои тарифии хизматчиёни харби, кормандони макомоти хифзи хукук ва дигар кормандони ин идорахо 20 фоиз зиёд намуда мешавад.
Маоши асосие, ки барои хисоб намудани коэффисиентхо аз руи рутбахои харбии хизматчиёни харби ва рутбахои махсуси кормандони макомоти хифзи хукук истифода мешаванд, дар сатххои зерин мукаррар намуда мешавад: барои рутбахои аз рядовой то лейтенант 1668 сомони, ва барои рутбахои аз лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомони.
Илова бар ин, афзоиши пардохтхои сугуртави, мехнати ва ичтимои, инчунин иловапули ба онхо пешбини шудааст. Андозаи пойгохи нафака 10% индексатсия намуда мешавад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон