Миссияи нозирони ИДМ ба мониторинги омодаги ва баргузории интихоботи парлумони дар Точикистон шуруъ намуд.
Санаи 8 феврал дар доираи Ифтитохи Миссия мулокоти муовини дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов бо Раиси комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид. Мусохибон чараёни маъракаи интихоботи ва ташкили фаъолияти Миссияро мухокима намуданд.

Нурлан Сейтимов кайд намуд, ки ин 131-умин Миссияи нозирони ИДМ дар интихобот ва раъйпурси дар давлатхои иштирокчии Иттиход ва нухум дар Чумхурии Точикистон мебошад. Ин нишон медихад, ки тачрибаи зиёди хамкори вучуд дорад ва ба хамкории созанда дар маъракаи интихоботии гузашта эътимод мебахшад.
Муовини дабири кулли ИДМ изхор намуд, ки Миссия кори худро дар асоси принсипхои бетарафии сиёси, дахолат нанамудан ба чараёни интихобот ва корхои дохилии давлат бунёд мекунад. Арзёбихои он танхо дар асоси мушохидаи худ, маълумоти расми, маводи вокеии макомоти интихоботи ва сохторхои ваколатдори давлати асос ёфтаанд.
Дар мачмуъ, дар хайати Миссия такрибан 120 нафар кор мекунанд, ки 10 нафари онхо дар асоси дарозмуддат назорат мекунанд. Нурлан Сейтимов кайд намуд: “мухимтарин чузъхои раванди мушохида мулокотхои шахси бо рохбарияти хизбхои сиёси, номзадхо ба вакили, намояндагони расмии макомоти давлати хоханд буд”.
Ин корро Штаби Миссия хамоханг хохад намуд. Вай ба кор шуруъ намуд, холо чорабинихои зарурии марбут ба ташкили назоратро баргузор мекунад: хуччатхоро барои аккредитатсияи нозирон омода мекунад, чамъовари, корнамуд ва тахлили маводхоро дар бораи чараени интихобот ташкил мекунад.
Раиси комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси кайд намуд, ки фаъолияти КМИР ва комиссияхои поёнии интихоботи шаффоф хохад буд ва аъзои комиссияхо барои хамкори бо нозирони байналмилали кушода мебошанд.
АКСХО: Ситоди миссияи нозирон аз ИДМ