Байни Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии академияи миллии илмхои Точикистон ва муассисаи Давлатии “маркази Илмии онкологияи Чумхурияви” – и Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон Созишнома дар бораи хамкори дар сохаи ташхис ва табобати беморихои саратон ба имзо расид.

Дар маросими имзои Созишномаи хамкори муовини аввали директори Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии НАНТ Матин Ахмедов ва директори муассисаи Давлатии “маркази Илмии Онкологияи Чумхурияви” Акбар Муродзода иштирок намуданд.
Дар асоси ин Созишнома тарафхо ухдадор мешаванд, ки робитахои хамкориро таквият диханд, ба татбики самараноки фаъолияти илми-тадкикоти, ташхиси беморон ва тавсеаи дигар самтхои марбут ба ин соха мусоидат намоянд.
Дар доираи ин хамкори, “Маркази Илмии онкологияи Чумхурияви” бояд намунахои маводи биологиро барои ташхис ва тадкикот бо истифода аз усулхои тахлили иммуноферменти (ELISA) ва омузиши молекулави-генетикии намунахои маводи биологи (санчиши ДНК барои мутатсия дар генхои BRCA1 ва BRCA2) интихоб ва ба лабораторияи Агенти интикол дихад.
Ин усулхои ташхиси майли генетикиро ба саратони сина муайян мекунанд, беморихои саратонро дар мархилахои аввал муайян мекунанд ва рушди онхоро пешгири мекунанд.
Чонибхо изхори бовари намуданд, ки имзои Созишнома, ки мухлати амали он 5 сол аст, ба рушди технологияхои инноватсиони, баланд бардоштани малакахои касбии табибон дар сохаи онкология ва рушди ин соха мусоидат хохад намуд.
Аксхо: Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии академияи миллии илмхои Точикистон.