Барномаи Давлатии “Фаъолияти Кайхонии Русия” то соли 2036 тамдид намуда шуд – ИА Караван Инфо
Барномаи Давлатии "Фаъолияти Кайхонии Русия" то соли 2036 тамдид намуда шуд

Хукумати Русия татбики барномаи давлатии “Фаъолияти Кайхонии Русия” – ро то соли 2036 тамдид намуд. Сабаби ин талаби хамзамон намудани мухлати барнома бо лоихаи миллии кайхони буд, ки бояд тибки супориши президенти Русия Владимир Путин амали намуда шавад.

Тавре ки дар хабари хукумат мушаххас намуда мешавад, фармони тамдиди онро Сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо намудааст. Максади асосии барнома таъмини дастрасии устувори Русия ба кайхон ва рушди ин бахш ба манфиати илм ва иктисод мебошад.

Тамдиди барнома бо зарурати мувофика намудани мухлати татбики фаъолияти кайхони бо ташаббусхои нави милли, ки давраи то соли 2030 ва дурнамои минбаъдаи то соли 2036-ро дар бар мегиранд, алокаманд аст. Холо ташаккули ташаббусхои калиди барои ин мухлат ба анчом мерасад, ки ба рушди инфрасохтор, азхудкунии осоиштаи кайхон ва нигох доштани кооперасияи саноатии дохили барои истехсоли техникаи ояндадор равона намуда мешаванд.

Илова бар ин, хукумат умедвор аст, ки тичорати хусуси дар ин кор фаъолона иштирок кунад, зеро технологияхои кайхони дар сохахои гуногуни иктисодиет истифода мешаванд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: