Намояндаи Кремл Дмитрий Песков хабар дод, ки як катор тамосхо байни президенти Русия Владимир Путин ва раиси Чин Си Чинпин, инчунин сафархои тарафайн, ки ба чашни 80-солагии анчоми Чанги Дуюми чахони бахшида шудаанд, фаъолона омода намуда мешаванд.

“Чунин тамосхо холо фаъолона омода мешаванд”, — кайд намуд Песков дар мусохиба бо хабарнигорон. Вай инчунин илова намуд, ки омодагии сафархо идома дорад ва гуфт, ки Путин аллакай даъватномаро барои боздид аз Пекин кабул намудааст.
Ба рамзи санахои хотирави диккати махсус дода мешавад, таъкид намуд сухангу. Вай кайд намуд, ки Русия ва Чин сахми кишвархои худро дар мубориза бо фашизм ва инчунин ахамияти тахкими муносибатхои дучонибаро тавассути ин чашнхо кадр мекунанд.
Си Чинпин, дар навбати худ, инчунин даъвати рахбари русияро барои иштирок дар паради 80-солагии Галабаи Бузург кабул намуд ва Путинро ба чашнхои Пекин, ки мохи сентябр баргузор мешавад, даъват намуд.
Имсол Русия ва Чин солгарди мухими 80 – солагии пирузии Иттиходи Шурави дар чанги Бузурги Ватани ва пирузии мардуми Чин дар чанги муковимат ба тачовузи Чопонро чашн мегиранд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода