Дар Вилояти Сугд дурнамои хамкори бо Агентии рушди агросаноати Узбекистон барраси гардид – ИА Караван Инфо
Дар Вилояти Сугд дурнамои хамкори бо Агентии рушди агросаноати Узбекистон барраси гардид

Раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода бо директори Агентии рушди агросаноати Чумхурии Узбекистон Нурали Абдуллоев мулокот намуд.

Дар рафти гуфтушунидхо чонибхо самтхои асосии хамкории дучонибаро, аз чумла татбики лоихахои муштарак дар сохаи кишоварзи ва густариши робитахои шарикии байни минтакахоро барраси намуданд. Ба табодули тачриба ва чори намудани технологияхои муосир ба мачмааи агросаноати диккати махсус дода шуд.

Рачаббой Ахмадзода таъкид дошт, ки тахкими робитахои байниминтакави ба шарофати сиёсати созандаи сарони давлатхо-Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид. Вай инчунин ахамияти рушди хамкорихоро дар сохаи кишоварзи, ки яке аз сохахои асосии иктисодиёти харду минтака мебошад, кайд намуд.

Зимни мулокот зикр гардид, ки Агентии рушди саноати кишоварзии Узбекистон дар бунёди богхои пуршиддат бо истифода аз технологияхои пешрафтаи аврупои тачрибаи назаррас дорад. Чонибхо омодагии худро барои татбики чунин лоихахо дар Вилояти Сугд иброз намуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии истехсолоти кишоварзи ва афзоиши иктидори содиротии минтака имкон медихад.

Дар анчоми гуфтушунидхо чонибхо барои тахкими хамкори, аз чумла табодули мутахассисон, гузаронидани барномахои омузишии муштарак ва татбики лоихахои озмоиши кадамхои мушаххас гузоштанд. Ин ташаббусхо ба ташкили муносибатхои устувори шарики ва рушди мачмааи агросаноатии харду минтака равона намуда шудаанд.

Хамин тарик, мулокот як кадами мухим дар рохи тахкими хамкорихо миёни Вилояти Сугди Точикистон ва Узбекистон гардида, барои шарикии мутакобилан судманд дар сохаи агросаноати имкониятхои нав фарохам овард.

Акс: хадамоти матбуоти Вилояти Сугд.

error: