Судяи федералии ИМА ба манфиати созмонхои башардустона хукм бароварда, маъмурияти Доналд Трампро вазифадор намуд, ки яхбандии сехафтаинаи маблаггузории барномахои кумаки берунаро фавран бекор кунад. Ин карор барои кушиши Кохи Сафед барои бархам додани Агентии ИМА оид ба рушди байналмилали (USAID) монеаи чидди гардид.

Судя Амир Али карор дод, ки маъмурият барои катъи маблаггузории аз чониби Конгресс чудошуда асосхои кофи пешниход нанамудааст. “Ин мавчи зарбаро ба вучуд овард ва боиси вайрон шудани шартномахо бо хазорон гуруххои гайритичорати, корхонахо ва дигар ташкилотхо гардид” гуфт судя.
Яхбандии маблаггузори ба хазорон пудратчиён, дехконон ва таъминкунандагоне, ки бо шартномахои USAID кор менамуданд, таъсир расонид. Бисёре аз онхо барои кори аллакай анчомдодашуда аз пардохт махрум шуданд, ки боиси аз кор озод намудани оммави гардид.
Эътилофи хифзи ваксинахои СПИД ва шурои Чахонии тандурусти алайхи маъмурият даъво намуданд. Ба акидаи онхо, катъи маблаггузори барномахои мухими тандурусти ва рушдро зери хатар гузоштааст.
Президент Трамп ва Сардори департаменти самаранокии хукумат (DOGE) Илон Маск чонибдори кохиши куллии кумаки байналмилали мебошанд, зеро онро бесамар мешуморанд. Аммо суд ба Котиби давлати Марко Рубио ва дигар мансабдорон ичрои фармонхои катъи кори USAID-ро манъ намуд.
Судяи нохия Карл Николс инчунин накшахои маъмуриятро барои аз кор озод намудани кормандони USAID катъ намуд, аммо танхо як хафта. Дар ояндаи наздик мурофиахои нави суди дар назар аст, ки такдири минбаъдаи очонси ва барномахои онро дар хорича муайян мекунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода