Вазири сайёхи ва варзиши Чумхурии Казокистон Арабол Мирзабосинов ва президенти кумитаи Миллии Олимпии Казокистон Геннадий Головкин бо директори генералии шурои Олимпии Осиё ва раиси World Aquatics Хусейн Ал-Мусаллам мулокот намуданд.

Дар чараёни чорабинии расми Хусейн Ал-Мусаллам ба чониби Казокистон барои мехмоннавози дар доираи сафари худ ба Остона дар мохи январи соли равон изхори сипос намуд.
Дар мухокимаи сатхи ташкили бозихои зимистонаи Осиё дар Харбин, у тачрибаи мусбати Казокистонро дар Баргузории Осиё-2011 кайд намуд ва иктидори кишварро дар ташкили мусобикахои бузурги байналмилали баланд арзёби намуд.
Дар анчоми мулокот Хусейн Ал-Мусаллам намояндагони Казокистонро хамчун мехмони фахри ба Чемпионати чахон оид ба намудхои варзиши оби, ки тобистони имсол дар Сингапур аз 11 июл то 13 август баргузор мешавад, даъват намуд.
Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК