Точикистон ва Русия тавсеаи квотахоро барои тайёр намудани омузгорон барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Русия тавсеаи квотахоро барои тайёр намудани омузгорон барраси намуданд

Дар мулокоти вазири маориф ва илми Точикистон Рахим Саидзода бо Михаил Швидкий, намояндаи махсуси президенти русия оид ба хамкории байналмилалии фарханги ва сафири Русия дар Точикистон Семен Григорев афзоиши квотахо барои тайёр намудани омузгорон барраси шуд.

Вазорати маориф ва илми Точикистон гуфт, ки шумораи дакики квотахои иловаги хануз зикр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаи Давлатии такмили таълими забонхои руси ва англиси дар Точикистон то соли 2030 аллакай 121 омузгор аз Русия ба кишвар чалб гардидаанд.

Илова бар ин, чонибхо рушди омузиши забони руси, табодули донишчуён ва омузгорон, ташкили мактабхои тобистона, чорабинихои таълими ва фарханги, инчунин татбики лоихахои муштаракро мухокима намуданд.

Русия изхори омодаги намуд, ки ин ташаббусхоро дастгири кунад ва ба донишчуени точик, ки дар донишгоххои русия тахсил мекунанд, кумак расонад.

Аксхо: Вазорати маориф ва илми ЧТ

error: